ВОКУНИШ. Тавассути расонаҳои иҷтимоӣ баромадҳои иғвогароёнаи “Гурӯҳи 24”, аз ҷумла ҷавоне, ки роҳи ояндаи худро гум кардааст, Беҳрӯзи Тағозодаро дида, ҳисси нафратам ба гурӯҳҳои ифротӣ дучанд зиёд мегардад. Беҳрӯз Тағойзода аз номи ҷавонон, муҳоҷирон сухан мегӯяду худро “ватандӯст” нишон додан мехоҳад, барномаашро “Садои мардум” ном ниҳодаасту ба садои мардум гӯш намедиҳад, танҳо бо нафароне, ки зархаридашон аст суҳбат кардан мехоҳаду бас. Вале муаллиф худро ба нодонӣ зада, намегӯяд, ки ӯ бо фармони хоҷагони хориҷиаш ин барномаро таъсис додаву имрӯз чун мақоли “ гург дар либоси гӯсфанд” худро муаррифӣ дорад. Ҳамчунин бехабар аз он, ки хурду бузурги Тоҷикистон кӣ ва чӣ кора будани онҳоро медонанду мешиносанду ба сафсатаҳои онҳо шахси солим бовар надорад, зеро чи тавре ки мегӯянд “ Инро ба касе гӯй, ки туро нашносад”.
“Душман айб наёфт, думи сагат каҷ мегӯяд”, ки рост аст. Тағойзода Беҳрӯз сатҳи саводнокӣ ва маърифатро дар Тоҷикистон паст медонад.
Эй аблаҳ, як бор дурусттар андеша кун!
Имрӯз шогирдони ҳақиқии Рӯдакиву Фирдавсӣ, Ибни Синову Берунӣ, Хайёму Хоразмӣ чун олимону аҳли адабу фарҳанг на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми дунё эътироф гардидаву ном баровардаанд.
Аксари ин хоинони Ватан, аз ҷумла М. Садриддин, Т. Варақӣ, Ш. Карим, Ш. Гадоев, М. Кабирӣ бо ҳарорат нисбати Тоҷикистону тоҷикон сухан меронанду худро тоҷику тоҷикистонӣ медонанд. Оё ақлашон намегирад, ки ин хоинони ватанфурӯш аз Ватан беруну аз ҳамдиёрон ҷудо хизмати хоҷагони хориҷиашонро ба ҷо овардаву чун саг пеши пойи онҳо ҳалқа задаанд ва пойи онҳоро мебӯсанд. Дигар ин ки ин ноҷавонмардон ғайр аз хунхориву хунрезӣ нисбати мардуми бегуноҳ чӣ кори савобе кардаанд, ё дар Тоҷикистон кай хиштеро болои хиште гузоштаву ниҳолаке сабзондаанд?. Ҳайф аст, ки онҳо даъвои ватандорӣ доранду худро тоҷик медонанд. То кай мафкураи мардуми тоҷик (махсусан ҷавонон)-ро заҳролуд сохта, ақидаҳои пучу бемаънӣ ва ифротгароёнаи худро талқин мекунанд:
“Сад бор бадӣ кардиву шарми ту наомад,
Некӣ чӣ бадӣ дошт, ки як бор накардӣ”.
Пас аз паҳн намудани наворҳои омоданамудаи Беҳрӯзу ҳаммаслаконаш кас ба хулосае меояд, ки ин гурӯҳи ватанфурӯшу хоини миллат бо роҳбарии “гурги борондида” Муҳиддин Кабирӣ ба рӯй ниқоб кашидаву миёни миллати тоҷик фитнаангезӣ доранд. Вале ҳар як фарди Тоҷикистон кайҳо фаҳмидаанд, ки аз шумо хоинҳо ҳеҷ гуна паймонро интизор набояд шуд, дар акси ҳол гуноҳе мебуд азим назди миллати сарбаланди тоҷик.
Масъалаи дигаре, ки аъзои ин гурӯҳи террористӣ мавриди баррасӣ қарор доданд, доир гардидани интихоботи дарпешистода дар Тоҷикистон аст. Ва онҳо худро ҳамчун як нерӯи сиёсии мутташаккил арзёбӣ карда, умеди дар он иштирок карданро доранд. Вале ин як орзуи саги девона аст. Зеро онҳо кайҳо чун аъзои гурӯҳи террористӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар дунё маълум гаштаанд.
Дар фароварди сухан гуфтаниям, ки имрӯз миллати тоҷик таҳти роҳбарии фарзанди фарзонаи миллати тоҷик-шамъи фурӯзони роҳи орзуи миллионҳо сокинони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ умр ба сар бурдаву Ватанро рӯз то рӯз обод намуда истодаанд ва сокинонаш соҳиби зиндагии шоиста гардидаанд:
Гар Ватан ин асту Роҳбар ин асту кор ин аст, мо,
Як замон аз паҳлуи Шамсу Қамар ҳам бигзарем.
Субҳиддин Иззатов, роҳбари Гурӯҳи Авангарди ноҳияи Ёвон