БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СУҲБАТУ ВОХӮРӢ БО АЪЗОИ МАҲФИЛИ "ВОЛОНТЁРОНИ ҲИЗБӢ"

БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон бо иштироки  мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи ичроия байни аъзои гуруҳи волонтиёрони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон дар доираи Низомномаи озмуни "Волонтёри моҳ" ва озмуни "Деҳаи ман" суҳбату вохӯрӣ баргузор гардида, аъзои гурӯҳи волонтиёрӣ аз тамоми талаботу низомномаи озмунҳои зикргардида шинос шуданд.

Зимни  суҳбат қайд карда шуд, ки ҳар як волонтёрро зарур аст, ки дар давраи маъракаи муҳими сиёсӣ- интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти назаррас нишон дода, ҳамкориҳои худро бо Кумитаи иҷроия зичтар ба роҳ монда, барои иштирок дар озмунҳои болозикр бо як ҳисси баланди ватандӯстию меҳанпарастӣ  сидқан масъулият хис намоянд ва  дар ин самт бояд як қатор корҳои назаррасро  ба анҷом расонида шавад.

Дар қатори мавзӯҳои зикргардида, ҳамчунин ҳамаи онҳо бо Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон шинос карда шуданд.Ҷавонон Созандагони Ватан иқдом гирифтанд, ки дар интихобот саҳми худро гузошта, баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни пурифтихори миллат 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми корҳои созандагию бунёдкорӣ  низ бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ  ҳиссаи арзандаи хешро мегузоранд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg