БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ОВОЗ МЕДИҲЕМ

АНДЕША. Халқи саодатманди тоҷик аз муҳаббату самимияти беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста баҳравар буда, пайравӣ ҳамешагии ин шахсияти беназир дар роҳи созандагиву бунёдкории Ватани биҳиштосоямон мебошад.

Бо ифтихори баланд иброз менамоям, ки фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи ҳассоси таърихӣ миллатро аз марг ва давлатро аз парокандагӣ раҳо намуда, кохи муҳташами сулҳи тоҷикро эъмор, низоми давлатдории муосири халқро асос гузошта, тоҷиконро ҳамчун миллати дорои Ватан, забон, фарҳанг ва таърихи қадима ба ҷаҳониён муаррифӣ ва дар навбати худ давлати Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар радифи халқу миллатҳои соҳибдавлат ҷойгузин намуданд, ки ин ҳама аз қудрату тавоноӣ, аз ҷавонмардиву ҷасорат ва ваҳдатофарии Пешвои муаззами миллати тоҷик шаҳодат медиҳад.

Насли наврасу ҷавон сиёсати хирадмандонаву дурандешона ва бунёдкоронаи Пешвои миллатро пайравӣ намуда, дар таҳкими истиқлолият, пойдории сулҳу ваҳдат, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва пешрафту тараққиёти давлат арҷ гузошта, бо донишу маърифат, ҷаҳонбинии васеъ ва заковати баланди худшиносию ватанпарастӣ барои ба кишварҳои мутамаддин баробар гардидани Тоҷикистони азиз саҳми арзанда мегузорад.

Бо ба даст овардани Истиқлолити давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаҳду талошҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешравиҳои назаррас дар тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ба назар мерасад.

Дар ҳақиқат хизматҳои шоёни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи маориф, кишоварзӣ, тайёр намудани мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ, тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ, пос доштани муқаддасоту арзишҳои миллӣ, дӯст доштани Ватан ва миллати худ бебаҳост.

Аз ин лиҳоз ман як нафар аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, изҳор медорам, ки пешбарии номзадии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саривақтӣ ва барои миллату давлати тоҷикон муҳим ва бисёр лозим аст. Итминони комил дорам, ки истеъдоди фитрӣ, ноил шудан ба боварию эътимоди миллат, ҳамзамон дар сиёсати дунёӣ муввафақ будан сифатҳои баланд дар кори сарварӣ маҳсуб меёбанд. Барои ҳамин бо боварӣ мегӯям, ки халқи Тоҷикистон дар рӯзи 11-уми октиябр бо як эътимоду боварии комил ҳама ба ҷонибдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шудааст, якҷоя овоз медиҳанд.                 

Алиев Маҳмадрасул, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фархор

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg