БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИФТИТОҲИ БИНОИ МАЪМУРИИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ВАХШ

23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар ноҳияи Вахш ифтитоҳ карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои мазкур аз ду ошёна иборат буда, дорои 7 ҳуҷраи корӣ, китобхона, шуъбаҳои ташкилӣ ва бақайдгирӣ, кор бо занон ва ҷавонон, таблиғот, иттилоот ва матбуот мебошад.

Ҳамзамон дар бино толори маҷлис мавҷуд мебошад, ки барои гузаронидани суҳбату вохуриҳо бисёр мувофиқ аст.

Бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш ҷиҳати сазовор таҷлил намудани ҷашни умумимиллӣ - 30 солагии Истиқлоли давлатӣ бо иқдоми бародарони соҳибкор аз оилаи Юнусовҳо тариқи ҳашари дастаҷамъона сохта шудааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg