БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШАРҲИ НУКТАҲОИ АСОСИИ БАРНОМАИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ НОМЗАДИ ҲХДТ ДАР МАҲАЛ

ШАҲРИТУЗ.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз бо мақсади шарҳи нуктаҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Чуянчӣ”-и Ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинови ноҳияи Шаҳритуз мулоқот доир намуданд.

Зимни мулоқот масъулин  бо иқтибосҳо аз Барномаи пешазинтихоботии номзади ҲХДТ иброз доштанд, ки мо барои татбиқи сиёсати иқтисодӣ дар оянда ҳалли масъалаҳои таъмини  рушди устувори иқтисоди миллӣ барои амалисозии ҳадафи олӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар,  таҳия ва татбиқ намудани ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва барномавии тараққиёти кишвар ва минтақаҳои он, аз ҷумла «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025»-ро зарур мешуморад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg