БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷонибдорӣ аз мулоқоти Пешвои миллат бо фаъолони кишвар

Ҷ.БАЛХӢ. Вохӯрии навбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Коргоҳи фаръии Пилла” оид ба шарҳу тавзеҳи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок дошта,  дар назди ҷамъомадагон оид ба суханрониҳои Пешвои миллат дар мулоқот бо аҳли ҷамоатчигӣ, ҳадафҳои Барномавӣ ва Оинномавии ҲҲДТ, эълон шудани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, камхарҷу дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузаронидани тӯю маъракаҳо, саҳм гузоштани шаҳрвандон  дар корҳои ободониву созандагӣ баҳри пешрафту шукуфоии Ватан, тарбияи дурусти фарзандон дар руҳияи баланди худогоҳии миллӣ ва ҷалби онҳо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби фарҳанги миллӣ, пешгирӣ аз бегонапарастиву хурофот  ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд.

Дар охир иштирокдорони вохӯрӣ суханрониҳои судманди масъулинро якдилона дастгирӣ намуда, иброз доштанд, ки мо мардуми шарафманди тоҷик зери сиёсати оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гашта, барои ободии кишвари маҳбубамон- Тоҷикистони азиз талош меварзем.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg