БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУЛОҚОТИ ГУРӮҲИ ТАРҒИБОТӢ БО МАРДУМ БАҲРИ РУШДИ УСТУВОРИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Аъзои гурӯҳи тарғиботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ давоми корҳои фаҳмондадиҳиро миёни аҳолии деҳоти ба номи Қадриддин Ғиёсов ба роҳ монданд.

Намояндагони гурӯҳи тарғиботӣ нуктаҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба саъми ҳозирин расонида, ҳалли масъалаҳои муҳими ҷомеаро, ки дар ҳафт соли оянда дар асоси Барномаи номзад ба нақша гирифта шудааст, баён намуданд. Ҳамзамон намояндагон дастовардҳои ҳафт соли гузаштаи кишварро давоми солҳои 2013-2020, ки бевосита аз заҳмату талошҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд, зикр карданд.

Бо назардошти гуфтаҳои болозикр намояндагон мардумро ба интихоби дуруст ва ояндасози кишвар, ки рӯзи 11 октябри соли равон баргузор мегардад, даъват намуда, хоҳиш кардаанд, ки аз ҳуқуқу уҳдадориҳои худ дар раванди интихобот истифода баранд ва ба ҷонибдории номзади арзандаи худ овоз диҳанд. Инчунин, масъулин дар мулоқоту вохӯриҳо миёни аҳолӣ бо ҷавонон суҳбатҳо доир намуда, оид ба масъалаҳои ахлоқи ҷавонон, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон баромадҳо карда, дар даъвати тирамоҳӣ ҷавононро барои ихтиёран қабул гардидан ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.     

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg