ВОКУНИШ. Мо мардуми сарбаланди тоҷик дар арафаи маъракаи муҳими сиёсӣ, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем ва бо хости Худои бузург (Ҷ) бо ҷонибдории аксарият халқи баномусу баорӣ он, новобаста,ки дар дохил ё хориҷи кишвар қарор доранд, фаъолона ин маъракаро дар фазои орому осудаи кишвар баргузор хоҳем кард.
Истиснои гурӯҳҳои нохалафу ифротие ва зумрае аз пайравони онҳо,ки тариқи сомонаву сайтҳои интернетӣ қариб,ки шабонарӯзӣ бо бадном кардани номзадҳои бақайдгирифташудаву то ҳадде ношаффоф баргузор шудани интихобот сухан мегӯянд, хушҳолкунанда набуда бо суханҳои пучу беасосашон, хешро мехоҳанд,ки ба ин миллату давлати тоҷикон ғамхору вафодор нишон диҳанд.
Барои мисол яке аз “ғамхору вафодори миллат”, раиси Паймони Миллӣ, эътилофи созмонҳои мухолифини тоҷик дар Аврупо ва роҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъи наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ, санаи 16 сентябри соли ҷорӣ дар Барномаи Осиёи Марказии Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон (Амрико) суханронӣ кардаву вазъи сиёсию иқтисодии Тоҷикистонро дар аҳди коронавирус вахим арзёбӣ намуд ва аз ҷараёни интихоботи Президентии ин кишвар интиқод кард.
Хуку хару каждуму саги ганда туӣ!
Аз ҳарду ҷаҳон зи боварӣ канда,туӣ!
Раҳгумзадаи шаби дарози яъсӣ,
То рӯзи ҷазо нокасу шарманда туӣ!
Аллакай ба ҳамагон маълум аст,ки ҳамаи ин ҳасад, хиёнату бадбинӣ ва ҳирсу тамаъи молу сарват то ҳадде Кабириро кӯр кардааст, ки ин қадар меҳнату талошҳои ин миллати заҳматкаш ва дастовардҳои замони истиқлолиятро нодида гирифта, ҳамчунон фаромӯш кардааст,ки ҳизбаш бо пайравонашон замоне бо рӯҳия ва эҳсосоти мардум бозӣ мекарду айни замон бошад, ношармида аз номи миллати тоҷик аз ин минбарҳои баланд баромад мекунад.
Дар суоле,ки агар ҳизбаш имкони иштирок дар интихоботи Президентӣ медошт,чӣ тадбирҳо меандешид, гуфтанд,ки “дар ҳамин шароит интихоботро таҳрим мекардем, чунки далелаш набудани имконият барои номзадҳост”
Ин бешарафону беватанон, беасосу бепоя аз дур истода ба ҷараёни ин маъракаи сиёсӣ чаро нодуруст ҳарф мезада бошанд,ки асосаш ҳама гуна корбариҳо бар пояи санаду меъёрҳо ва қонунҳои амалкунандаи кишвар, ҷиҳати омодагиву баргузории интихобот роҳандозӣ гардида истодааст.
Эй Кабирии хоину мазҳабфурӯш, мардуми Тоҷикистон аз кинаву ғараз ва нияту нақшаҳои нопоки ту палиди нокасу ташкилоти экстремистиву террористии собиқ ҳизби наҳзати ислом ба хубӣ огаҳӣ дорад.
Дигар ин қадар баҳудаву беҳуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста гӯё аз ҳақиқат сухан намудаву худро моҳи беайб метарошӣ, шарм дор.
Гарчанде симои зоҳирии ин “ғамхори миллат” ба ҳаммиллати мо наздики ҳам дошта бошад, ботинан дар ӯ пурра метавон сифоти худхоҳиву такаббурӣ ва хоиниро мушоҳида кард.
Мусаллам аст,ки аз ҳама баромадҳоят буйи дурӯғ,кинаву адоват, яъсу ноумедӣ, бадхоҳи нисбати мардуму давлат ва миллати тоҷик, сарнагуни сохти конститутсионии ҷомеаи имрӯзаи давлату давлатдорӣ бараъло эҳсос карда мешавад.
Охир, хоҷагони хориҷии ташкилоти мазкур бояд донанд,ки дар кишвари Тоҷикистон Кабириву пайравонашро қабул надоранд, ба истиснои гурӯҳаки пайравонашон дигар ҳарфу сухани онҳо назди халқи Тоҷикистон беарзиш асту хароҷоти маблағ баҳри онҳо ба мисле,ки ба одами дар сақароти мавт қарор дорад, харҷ мегардаду ба онҳо суде намедиҳад.
Ҳамчунон онҳо бояд донанд,ки халқи азияткашидаи кишвар як маротиба шоҳиди воқеаҳои даҳшатбор гашту дигар намехоҳад ба доми ифротиҳо афтад, чунки онҳо барои ин миллату давлат, ба ҷузъ харобкориву фитнаангезӣ дигар коре накардаанд.
Ин зархаридони хоҷаҳои хориҷӣ аз таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандӣ, рӯзҳои мудҳиши гуреза шудани падару модарон ва пирони хирад, ятимкунии кӯдакони бегуноҳ, бесаробон мондани оилаҳо ва дигар омилҳо бори дигар ба худ ибрат нагирифта, боз даст ба амалҳои нангин ва нафратангез зада истодаанд.
Аз ин рӯ ҳамаи мо ҳамватанон,ки чӣ дар дохили кишвар ҳастему чӣ дар хориҷи кишвар, ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода ба номзади арзандаву сазоворе,ки ҳақиқатан ҳам дар фикру зикри ин миллату меҳан аст, овоз диҳем.
Чунки тақдири ояндаи неку дурахшони фарзандон, наберагону аберагон, дар маҷмуъ миллату кишварамон дар дасти мо интихобкунандагон аст.
Муҳаммаддовуд Ҳалимов, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ