Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Мутобиқи нақшаи фаъолияти аъзои гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар деҳаи Сангобаи Ҷамоати деҳоти Наврӯз бо усули «хона ба хона» бо фарогирии интихобкунандагон суҳбату вохӯриҳо оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Аъзои гурӯҳи тарғиботӣ ва ҳамчунин зергурӯҳҳо ба интихобкунандагон иттиллоъ доданд, ки интихобот раванди сиёсиест, ки баҳри такмили фаъолияти қувваҳои сиёсӣ, ба ҳам омадани онҳо, инчунин муборизаи осоиштаи байни онҳо, майдони мусоидро фароҳам оварда, иқтидори сиёсӣ, маҳорати ташкилотчигию корбарии қувваҳои сиёсиро муайян намуда , онҳоро барои таъмини рушди минбаъдаи ҷомеа муваззаф менамояд. Иштирок дар интихобот ҷузъи таркибии ҳуқуқи конститутсионии шахс аст. Дар баромадҳо аъзои гурӯҳи корӣ қайд намуданд, ки интихоби дурусти мо омили рушди ояндаи дурахшони кишварамон ва зиндагии шоистаи мардум мебошад.
Ҳамоҳангсози гурӯҳи таблиғотӣ кормандони Кумитаи иҷроия ба интихобкунандагон оид ба Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳарф зада, қайд намуданд, ки Пешвои миллат бо ташаббускориҳои наҷиби худ дар сатҳи оливу ҷаҳонӣ ибрати шахсӣ ва иродаву нерӯмандии худ намунаи ибрат мебошад. Чунон ки огоҳ ҳастед, Анҷумани Х1У ҲХДТ номзадии Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.