ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аъзои Ситоди пешазинтихоботии ҳизбӣ дар маҳаллаи ба номи С.Қараеви Ҷамоати шаҳраки Обикиик бо интихобкунандагон ҷамъомад доир карданд.
Дар мулоқот намояндагони гурӯҳи тарғиботӣ дар бораи муҳтавои Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаронӣ карда, сокинонро ба амалҳои созанда, интихоби дуруст ба хотири ояндаи ободии Ватан, ки аз ҳар як шаҳрванди худогоҳу ватандӯст масъулияти баландро тақозо мекунад, даъват ба амал оварданд.