БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ ВА ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ШАҲРВАНДОН

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №30 вохӯрии гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо сокинони деҳаи Меҳрвари Ҷамоати деҳоти Чубек оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номзади арзанда аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода дар бораи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карда, қайд намуд, ки барномаи мазкур дар доираи дигаргуниҳое, ки солҳои охир дар кишвар ва ҷаҳон ба амал омадаанд ва бо назардошти дурнамои 7  оянда (2021 - 2027) таҳия шуда, ба ҳалли масъалаҳои муҳими ҷомеа, аз ҷумла таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ, саноатикунонии босуръат, ҷорӣ кардани иқтисоди рақамӣ, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, рушди неруи инсонӣ ва таҳкими соҳаҳои иҷтимоӣ равона мегардад. Интихобкунандагон барои дар интихобот фаъолона иштирок кардан ва ба номзади арзандаи ҲХДТ овоз додан, даъват гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg