БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НОМЗАДИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН-ИНТИХОБИ МАРДУМИСТ

АНДЕША. Дар  ҳар  давру   замон  барои  рушду  пешрафти  ҳар миллат фарзандони  барӯманду  фарзонааш нақши мондагоре аз хеш боқӣ мегузоранд.

Бояд  қайд  кард,ки  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон чун сармеъмори  сулҳу  ваҳдат  ва  бунёдкорӣ, халқу  миллат  ва  Ватанашро  чун фарзандонаш аз дилу  ҷон  дӯст  медорад.

Баҳри  беҳбудии  некӯаҳволии  халқ  ва  ободии Ватани азизаш ҷонашро фидо мекунад. Ҳамеша дастгири бечорагону бенавоён, камбизоатону  ятимон  ва дармондагон мебошад. Аз ин ҷост, ки ӯро халқ дӯст медорад, дар баробари  Роҳбари давлат буданаш ӯро ҳамчун Пешвои миллат эътирофаш мекунад.

Воқеан ҳам ӯ  яке аз фарзандони сарсупурда, шуҷоу далер ва Қаҳрамони  Тоҷикистони  соҳибистиқлол аст.

Миллати  мо  барҳақ  бо  Пешвои  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ   Раҳмон, ки  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва Сарвари давлат аст, ифтихор мекунад.

Ҷаноби  Олӣ  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  чун  шахсияти барҷаста  вақте  ба  майдони  сиёсат  ворид шуд, ки миллати  тоҷик  парешон  ва кишвар дар вартаи ҳалокат қарор дошт. Паёми нахустинаш аз Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки 19- уми  ноябри  соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии  Хуҷанд барпо гардида буд, сарҷамъсозии миллат ва берун овардани  Тоҷикистон  аз  ҷанги  шаҳрвандӣ  буд. Мардуми  кишварамон   суханони  таърихии  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмонро, ки  гуфта  буд: «То вақте  ки  як  фарди  миллат  дур  аз Ватан ва дар  ғурбат  қарор  дорад, ман  худро  орому хотирҷамъ намеҳисобам» хуб дар хотир доранд. Ҷанги шаҳрвандие,ки Тоҷикистон ба он рӯ ба рӯ шуд, аз империяи бузурги  собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мероси ночизе гирифт, ҷанг беш аз сад миллион  долларро  ташкил  дод, бештар  аз 120 ҳазор одамон ҷонҳои ширини  хешро аз даст дода, иқтисод ва буҷети мамлакат ба сифр баробар шуда буд.

Эмомалӣ Раҳмон бо тадбирҳои хирадмандона ва матонату ҷасорати фавқулодда  кишварро  аз  вартаи  фалокат  ва  ҳалокат  берун овард, мардуми  парешонро  сарҷамъ  намуд ва садҳо ҳазор ғурбатзадагонро ба Ватан баргардонд.

Воқеан ҳам бузургтарин дастоварди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бешубҳа, барқарор кардани сулҳи комил ва Ваҳдати  миллӣ  дар  Тоҷикистон  аст.

Таҷрибаи  талхи  ҷангҳои  дохилӣ  дар  ҷаҳон  шаҳодат медиҳад, ки ягон  давлат  рақиби  сиёсӣ  ва  ҳарифони  қудратталабашро аз сангарҳои ҷанг берун оварда, бо силоҳи ҷангию лавозимоти ҳарбӣ ва сарбозони ҷангозмудааш  дар сари дастгоҳи давлатию сохторҳои идоракунӣ ва мақомоти  низомӣ  нашинондааст.

Муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон тавассути сиёсати сулҳофару созанда  ва дарҳои  кушод  таваҷҷуҳи  ҷомеаи ҷаҳониро ба Тоҷикистон  ҷалб сохт.

Аксар  кишварҳои абарқудрату нерӯманд, танҳо баъд аз эълони  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба ҳайси кишвари демократӣ, дунявӣ  ва  ягона  имкон дод, ки сиёсати дохилию  берунии  мамлакатро  ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ  эътирофаш  кунанд. Таҳти  раҳбарии  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон, дар  баробари  муваффақиятҳои  ба дастомада  мушкилотҳои  мавҷуда  низ  сол то сол аз байн рафта, сокинони  Тоҷикистон  дар  атрофи   Президенти   интихобкардаи хеш  боз ҳам муттаҳидтар гашта, то ба имрӯз барои шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол фидокоронаю аз сидқи дил заҳмат кашиданд.

Мусаллам аст,ки  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  чун шахсияти барҷастаю эътирофшудаи сиёсии ҷаҳонӣ баъди пирӯзӣ дар интихоботи  президентии  соли 2013, ҳангоми  савгандёдкунӣ, бори  дигар  иброз  дошт, ки ӯ барои шукуфоию сарсабзии Ватани соҳибистиқлоламон ҷоннисорӣ хоҳад кард.

Бале,  ҳамин  дӯстдорист, ки  халқ  ӯро дар  интихоботҳои  пай дар пай ҳамчун  сарвари  худ  пазируфтанд.

Дар ҳақиқат, ӯ ба мақоми  олии президентӣ сазовору  арзанда аст.

Ва ҳама ин дӯстдорӣ бесабаб нест. Зеро сулҳу ваҳдати ҳамешагӣ, пояндагии  миллат, истиқлоли Ватани азизамон ва ин пешрафту ободиҳо ҳама  ба  номи  ин шахсияти бузургу Худодод аз барои миллат   сахт  марбут  аст.

Дар марҳилаи нави бунёди давлати ҷавони Тоҷикистон тақдири баланди  миллати  куҳандиёри тоҷик дар симои шахсияти беназири таърихӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон олитарин сифатҳои адолати  инсонӣ, бузургдилию шуҷоат, раҳму шафқат ва қобилияти нотакрори ваҳдатофариро ато кард ва маҳз ҳамин ҳамоҳангӣ ҷомеаро ба сатҳи баланди хештаншиносӣ расонид.

Хулоса, маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон  дар интиҳои асри ХХ аз фоҷиаи миллӣ раҳоӣ ёфта, истиқлолияти  давлатии худро таҳким бахшид ва миллати тоҷик баъд аз ҳазор  сол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид ва имрӯз  новобаста ба  ҳама буҳронҳои сиёсию иқтисодии ҷаҳонӣ, ба сӯи ояндаи нек устуворона қадам мегузорад.

ИНТИХОБИ НОМЗАДИ АЗ  ҲХДТ БА МАНСАБИ ОЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН-ИНТИХОБИ МАРДУМ АСТ!

Муҳаммаддовуд  Ҳалимов, раиси  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар ноҳияи  Абдураҳмони  Ҷомӣ

 

 

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg