ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ҳудуди деҳаи Қалъаи Пуҷқоқи Ҷамоати деҳоти Дарқад гурӯҳи тарғиботии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади шарҳу тавзеҳи Барномаи пешазинтихоботии номзади ҲХДТ ва ҳамзамон оид ба пешгирии паҳншавии бемории коронавирус ва истифодаи мақсадноки заминҳои ҳоҷагиҳо вохӯрӣ баргузор намуданд.
Зимни суҳбат бо аҳолӣ сардори зергурӯҳ Ҳакимова Давлатбӣ вобаста ба нуктаҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзади ҲХДТ ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, инчунин оид ба аҳамияти иштироки онҳо дар интихобот суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, ба саҳмдорон варақаҳои тарғиботӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемории коронавирус ва ниқобҳои тиббӣ тақсим карда шуд.