ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ҳудуди деҳаи 1 майи Ҷамоати деҳоти “20 - солагии Истиқлолияти Тоқикистон” масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади шарҳу тавзеҳи Барномаи пешазинтихоботии номзади ҲХДТ ва ҳамзамон оид ба пешгирии паҳншавии бемории коронавирус ва истифодаи мақсадноки заминҳои корами обӣ вохӯрӣ баргузор намуданд.
Зимни суҳбат бо аҳолӣ масъулин оид ба Барномаи пешазинтихоботии номзади ҲХДТ ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, иброз доштанд, ки мардуми заҳматқарини кишвар барои беҳтар гардидани вазъи инфрасохтори деҳот ёрии амалӣ расонида, дар бунёди иншооти иҷтимоӣ - муассисаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва таъмиру тармими роҳу пулҳо ва дигар ободгариҳо ҳиссаи сазовор доранд. Илми ватанӣ дар ин давра рушд намуда, олимони кишвар тайи ҳафт соли охир таваҷҷуҳи асосиро ба таҳқиқу омӯзиши масъалаҳои асосии вобаста ба пешрафти соҳаҳои муҳимтарини иқтисоди миллӣ равона намуданд. Дар соҳаи маориф дар ин давра 135 муассисаи томактабӣ, 740 маркази ташаккули зеҳнии кӯдакон, 1444 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва синфхонаҳои иловагӣ бунёд гардида, бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин карда шуданд. Инчунин, таъмири асосии 439 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба анҷом расида, 5 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ таъсис дода шуд. Дар ин муддат ба хотири татбиқи сиёсат оид ба дастгирии занон ва оила якчанд барномаҳои давлатӣ амалӣ шуда, шумораи онҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда бамаротиб зиёд гардид.
Ҳамзамон, ба колхозчиёни деҳаи мазкур варақаҳои тарғиботӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемории коронавирус ва ниқобҳои тиббӣ тақсим карда шуд.