ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оид ба шарҳи нуктаҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эммомалӣ Раҳмон дар деҳаи Бунафшаи Ҷамоати деҳоти Дарқад хониши сиёсӣ баргузор намуданд.
Масъулин дар баромадашон иброз доштанд, ки дар ҳафт соли оянда яке аз масъалаҳои муҳими Барномаи пешазинтихоботии номзади ҲХДТ ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин волоияти қонун ва амнияти сокинони кишвар мебошад, ки ба ин мақсад амалӣ намудани тадбирҳоро муҳим мешуморанд.
Ҳифзи суботу оромии ҷомеа, таҳким бахшидан ба қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, яъне таъмин кардани волоияти қонун, ҳимоя кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва дар ин самт таҳия ва қабул намудани «Стратегияи рушди низоми ҳуқуқии кишвар барои давраи то соли 2030» вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди ҷомеа мебошад.