БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСИСТ

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар якҷоягӣ бо аъзои гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо интихобкунандагони деҳаи Хавдаксойи Ҷамоати деҳоти Маданият вобаста ба таблиғу ташвиқи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон мулоқот доир гардид.

Масъулин зимни баромади хеш қайд намуданд, ҳангоми ворид шудан ба майдони сиёсат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як фурсати кӯтоҳ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки дар он шабу рӯз мардумро парешониву Тоҷикистонро нобудӣ таҳдид мекард, хотима бахшиданд. Миллати парешонгаштаро сарҷамъ намуданд, Тоҷикистони парокандаро ба ҳам оварданд. Дар идомаи  суҳбат оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2013-2020 андешаронӣ карда шуда, инчунин моҳияти  Барномаи пешазинтихоботии номзад аз ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои солҳои 2021-2027 таҳияшуда ба ҳозирин шарҳ дода шуд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ оид ба пешгирии бемории сирояти коронавирус ҳарф зада, масъулин  таъкид намуданд, ки риояи гигиенаи шахсӣ роҳи пешгирии ин вабост.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg