БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НОХАЛАФОН БА МАҚСАД НАМЕРАСАНД

ВОКУНИШ.  Бо вуҷуди фармудаҳои Қуръону ҳадис ва таъкидҳои Пешвои миллат дар қаламрави ҷумҳурӣ афроде ҳанӯз ҳам пайдо мешаванд, ки ба ҳар гуна созмону гурӯҳҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистии аз номи ислом баромадкунанда шомил гардида, номи Ислом, Ватан ва Давлатро доғдор мекунанд. Дар тӯли қариб се даҳсолаи охир ташкилотҳои  террористию ифротгароӣ, дар кишвари азизамон сар халонида, бо ба дом афтонидани иддае аз ҷавонони роҳгумзадаи тоҷик вазъи кишварро то андозае ноором сохтанд. Ҷанги хунини бародаркуши солҳои 90-умро ҳама дар ёд дорад, ки чи гуна бо майдонсозиву аз номи ислом истифода бурдани бунёдгузорони ҳизби мамнуъ ва террористии наҳзати исломӣ садҳо ҳазор сокини осоиштаи кишвар қурбонии ин дассиса шуда, садҳо ҳазори дигар гурезаи давлатҳои ҳамсоя, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гаштанд. Маҳз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки ҷон ба каф гирифта, бо заҳмату талошҳои зиёд мардуми парешони тоҷикро зери як парчам, як давлат ва як мамлакат гирди ҳам оварданд ва миллати тоҷикро аз вартаи нобудӣ раҳониданду давлати миллии тоҷиконро асос гузоштанд, ки тамоми давлатҳои абарқудрати дунё демократӣ, ҳуқуқбунёд, соҳибистиқлол ва мустақил будани онро эътироф кардаанд ва айни ҳол дар дунё Тоҷикистони азизамон ҳамчун давлати сарсабзу обод ва сулҳпарвару соҳибтамаддун шинохта мешавад. Мардуми мо он рӯзҳои даҳшатборро ҳаргиз фаромӯш накардаанд ва фикр мекунам, ки ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд. Бадхоҳони миллати мо ҳанӯз бо дасти хоҷагони зархаридонашон, яъне хоинони миллат, ки дар хориҷа қарор доранд, бар зидди давлатамон фаъолият карда истодаанд,  аз ҷумла, ҳодисаи игвоангезе,ки  дар шаҳри Варшаваи давлати Лаҳистон аз тарафи як гурӯҳ ҷавонони гумроҳ  бо намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон амалӣ намудаанд, исботи бозичаи дасти хоҷагони хориҷӣ буданашонро  нишон додаанд.

Ҳарчанд созмону гурӯҳҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстримистие, ки ҳадафҳою ғаразҳои палидашонро зери ниқоби ислом пӯшиш медиҳанд, то андозае фаъолияти хешро дар миқёси ҷумҳурӣ ба роҳ монданӣ шуда бошанд ҳам, хушбахтона, талошу заҳматҳои шабонарӯзии мақомоти қудратии кишвар (ВКД ҶТ ва КДАМ ҶТ) буд, ки созмону гурӯҳ ва ҳизбу ҳаракатҳои мазкур дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор карда шуда, аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти онҳо манъ карда шуданд.

Эргашева Ҷумагул, вакили Маҷлиси вакилонихалқи ноҳияи Панҷ  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg