ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар асоси нақша- чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Чашмасор” вобаста ба ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Инчунин, дар вохӯрӣ аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб қайд карда шуд, ки ин ҳама тадбирҳо барои он аст, ки мардум дар рӯзи интихобот бетарафиро касб накарда, мавқеи шаҳрвандиашонро муайян кунанд ва ҳамзамон раъйи худро муассиртарин василаи даст ёфтан ба зиндагии боз ҳам беҳтар донанд.