БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОВОЗИ ҲАР ЯКИ МО ДАР ИНТИХОБОТ МУҲИМ АСТ

НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак  оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони маҳаллаи Лангар ва Дӯстии халқҳои  минтақаи манзилии №2 шаҳр вохӯрӣ доир намуданд.

Дар вохӯрии мазкур масъулин аз хизматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат ёдова шуда, аз сокинон даъват ба амал оварданд, ки дар интихоботи дарпешистода фаъолона ширкат варзида, ба номзади арзандаи ҲХДТ овоз диҳанд.

Дар рафти вохӯрӣ  аъзои гурӯҳи тарғиботӣ, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Исоқов Саъдӣ иброз дошт, ки Пешвои миллат барои мо ҷавонон арзандатарин номзад буда, хизматҳиои шабонарӯзии ин фарзонафарзанди миллат ҳеҷ гоҳ аз ёди миллати ҷафокашидаи тоҷик намеравад. Хизматҳои шоёни ин абармарди ҷасуру нотарс буд, ки алорағми ҳама мушкилот гардида, Тоҷикистонро ба биҳишти рӯйи олам мубаддал гардонид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg