НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ташаббуси кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дар ҳудуди минтақаи манзилии №1-и шаҳр бо сокинони кӯчаи ба номи Шамсулло Юсуфов-1,2,3,4 оид ба ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикисотон вохӯрӣ доир гардид.
Зимни вохӯрӣ қайд гардид, ки дар Барномаи мазкур дар доираи дигаргуниҳое, ки солҳои охир дар кишвар ва ҷаҳон ба амал омадаанд ва бо дарназардошти дурнамои ҳафт соли оянда (2021-2027) таҳия шуда, ба ҳалли масъалаҳои муҳимми ҷомеа, аз ҷумла таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ, саноатикунонии босуръат, ҷорӣ кардани иқтисоди рақамӣ, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, рушди неруи инсонӣ ва таҳкими соҳаҳои иҷтимоӣ равона мегардад.
Дар фарҷом сокинони кӯчаи номбурда иброз доштанд, ки дар интихобот фаъолона иштирок намуда, раъйи худро ба номзади арзандаи ҲХДТ медиҳанд.