НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар деҳаи Кибили Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳр ҷиҳати таблиғи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби зергурӯҳи тарғиботии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак вохӯрӣ доир карда шуд.
Дар вохӯрии мазкур аъзои гурӯҳи тарғиботӣ аз ҳисоби собиқадорони ҳизб, вакилони Маҷлиси ваилони халқи шаҳр, раисони кӯча иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сараввал раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, ба сухан баромада, оид ба Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, қайд кард, ки Барномаи мазкур тамоми самтҳои фаъолияти Ҳукумати кишварро дар бар гирифта, барои ҳафт соли оянда ҷиҳати пешрафт ва ояндаи боз ҳам дурахшони кишвари азизамон пешбинӣ шудаст.
Ҳамзамон, оид ба дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинии муҳими сиёсӣ- интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, аз сокинон даъват карда шуд, кидар ин чорабинӣ фаъолона иштирок намуда, овози худро ба номзади арзандаи ҲХДТ диҳанд.