ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар маҳаллаи Сомонии шаҳри Левакант вобаста ба ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хониши сиёсӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Фароғат Назарова, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумита Ибодуллоева Нуринисо иштирок ва суханронӣ намуданд.
Таблиғотчиён дар мулоқот доир ба хусусиятҳо ва бартариятҳои Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот дода, дар идомаи суханронӣ атрофи иҷроиши Барномаи қаблӣ, дастовардҳои даврони роҳбарии номзади арзанда ва нақшаҳои минбаъдаи он ибрози ақида карда, даъват бар он намуданд, ки дар интихобот иштироки ҳар як шаҳрванд ҳатмӣ буда, барои ояндаи ободи Ватан саҳми арзандаи хешро гузоранд.