БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Маҷлиси машваратии ҳизбиён дар самти шарҳу тавзеҳи мулоқоти Пешвои миллат

ПАНҶ. Дар маҷлиси машваратии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ масъалаҳое, ки аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати  фарорасии моҳи  шарифи  Рамазон аз 12 майи соли равон  бармеоянд, мавриди  баррасӣ қарор гирифт.

Зимни баромад Пешвои миллат таъкид намуданд, ки моҳи шарифи Рамазон ба сифати яке аз рукнҳои дини мубини ислом буда, одамонро ба сабру таҳаммул, эҳтироми якдигар, раҳму шафқат ва кӯмак расонидану  дастгирӣ намудани  эҳтиёҷмандону камбизоатонро  ҳидоят месозад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки вазъияти ниҳоят ҳассосу ноороми ҷаҳон мову шуморо водор месозад, ки нисбат ба ҳар вақти дигар зираку ҳушёр бошем, дар ғафлат намонем, манфиату зарари худро дар гуфтору амали хеш дуруст дарк кунем, ба қадри бузургтарин неъмату дастовардҳои зиндагиамон-истиқлолияту озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ бирасем.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар оид ба зарурати қабули Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” андешаронӣ намуда,  аз аҳли ҷомеаи кишвар риояи муқаррароти  қонунҳоро талаб намуданд.

Дар ин росто, ҳизбиён ба ҳайси яке аз барандагонии андешаи пешқадами ҷаҳонӣ ва муҳофизи арзишҳои арзандаи ниёгон нисбати ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, ҳамарӯза саъю талош варзида, тарғиби ин арзишҳоро дар байни мардум боз ҳам тақвият бахшанд, ба хотири ободиву пешрафти Ватани азизамон, ҳаёти осоиштаи мардум, таҳкими сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ ва истиқболи арзандаи ҷашни сисолагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамон саъю талош  хоҳанд кард.

Илова бар ин, ҳизбиён вазифадоранд, ки бо дарки баланди  масъулиятшиносӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, Раиси муаззами  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору фаъолияти минбаъдаи худро равона созанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg