КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Мутобиқ ба ҷадвали баргузории суҳабту вохӯриҳо бо интихобкунандагони маҳаллаи Гулзор ва Танёли Ҷамоати деҳоти Даҳана дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17 мулоқот доир карда шуд.
Зимни мулоқот узви гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саидов Насим, омӯзгори ДДК Холмуродова Меҳрафрӯз ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Гулзор” иштирок ва баромад намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ аввалан масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Насим Саидов ба сухан баромада, иброз намуд, ки интихобот ҳамчун унсури давлати демократӣ арзёбӣ гардида, иштирок дар он қарзи шаҳрвандии ҳар шахс аст.
Дар ин росто аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки зимни баргузории чорабинии муҳимми сиёсӣ аз худ масъулияти баланди ватандӯстӣ нишон дода, дар раванди интихобот фаъолона ширкат варзанд.