КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки васеи интихобкунандагони маҳаллаҳои Бахтобод ва Гулбоғи Ҷамоати деҳоти Даҳана дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бахтобод” бо иштироки узви гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, муовини раиси Ҷамоати деҳоти Зиракӣ З. Ғоибова ва масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Зулфов Муҳаммадҷон дар бораи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, иброз дошт, ки маҳз интихобот шароит фароҳам меорад, ки роҳи минбаъдаи рушд, инкишофи ҷомеа ва давлат муайян карда шавад.
Ҳамчунин, иштирокдорон низ дар раванди суҳбат фаъол буда, дархосту масъалаҳои ҳалталабро ба саҳми ҳозирин расониданд.