ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Аъзои гурӯҳҳои тарғиботии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён доир ба Барномаи ҲХДТ барои солҳои 2021-2027 барномаю нақшаҳои корӣ дар давраи омодагӣ ба интихобот Шарифзода Маҳмадаюб раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён андешаронӣ карда, зикр намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон худ шарики фаъоли дигаргунсозиҳои сохтори давлатӣ ва шакли идоракунии ҷомеаи муосири Тоҷикистон мебошад, ки дар раванди маъракаҳои сиёсӣ собит месозанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон яке аз ҳизби бонуфуз дар тамоми қаламрави кишвар маҳсуб гардида, бо ҷонибдорони худ як қувваи бузургро ташкил дода, ба сифати ташкилоти сиёсӣ- ҷамъиятӣ дар тақдири халқи Тоҷикистон нақши муҳим бозид.
Бо баргузории маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистода, мо ҳизбиён масъулияти баланди касбӣ нишон дода, дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ баргузор намудани он ва ба ҳадафҳои ниҳоӣ ноил гаштан мавқеи устувор доштани ҲХДТ-ро нишон медиҳад.