БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРӢ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН СУДМАНД АНҶОМ ЁФТ

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳҳои муштараки таблиғотии  Ситоди марказии пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки роҳбари гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Панҷ, Ҷайҳун, Дӯстӣ ва Ҷалолиддини  Балхӣ Раҳмонзода Абдулло раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагони ноҳияи  Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрӣ баргузор гардид. Вохӯриро Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Маҳмадсаид Абдулҳаев кушод.

Зимни баромади худ Раҳмонзода Абдулло оид ба Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон суханронӣ намуда,  хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  дар ҳафтсоли сипаришуда ва нақшаҳои барномавӣ дар давраи то соли 2027 мавриди баррасӣ қарор дода, ҳамагонро барои интихоби дуруст баҳри зиндагии босаодат ва  ободоии меҳан раҳнамоӣ кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg