БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ ИРОДАИ ХАЛҚ АСТ

ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи омодагиҳо ба маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи дарпешистодаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх ситоди ҷамоат ташкил гардидааст.

Бо ин мақсад бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон  Раҳматуллоев Мақсудҷон бо аъзои Ситоди Ҷамоат вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ таъкид карда шуд, ки  маҳз аз баракати Истиқлолият миллати тоҷик пас аз муборизаҳои тӯлонӣ  барои ҳувияту озодӣ, сарнавишти худро ба даст гирифт ва соҳиби давлати соҳибистиқлол гардид.

Мо ҳар як узви  ҳизб ва ҷонибдорони ҲХДТ бо кору пайкори Раиси ҳизбамон, ки  дар саргаҳи ин таҳаввулоти барои  миллат сарнавиштсоз устувор истода, барои аз вартаи ҳалокат ва маҳвшавӣ наҷот додани давлат ва миллати азизамон ҷонбозиҳо намуданд, ҳамеша арҷ мегузорем ва ҷиҳати ҳифзи ин аризишҳои беназири бадастомада, тамоми неруву иродаи худро равона месозем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg