ДӮСТӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Аъзои Ситоди марказии пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло бо фаъолони ноҳияи Дӯстӣ баҳри тарғиби Барномаи пешазинтихоботии номзади арзандаи ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот доир намуд.
Дар вохӯрь Раҳмонзода Абдулло вобаста ба моҳияти Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомаль Раҳмон ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар дар тӯли 29 сол андешаронӣ карда, ҷамъомадагонро барои саҳм гузоштан дар пешрафту шукуфоии Ватан, иштироки фаъолона дар маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуд.