АНДЕША. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар асраи ҷаҳон бо сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар мешиносанду эътироф менамоянд, ки ин боиси шарафмандии ҳар як тоҷик аст.
Маҳз самараи неки сулҳу истиқлол аст, ки бунёдкориву созандагӣ дар ҳама самтҳо вусъати тоза пайдо кардааст. Дар тӯли ҳафт соли охир Тоҷикистони азизи мо ба дастоварду пешравиҳои назаррасе ноил гардид, ки ин маҳз тавассути сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва маҳсули заҳматҳои софдилонаи халқи азизамон мебошад.
Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои солҳои 2013 -2020 таҳти шиори “Барои ваҳдат, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” буда, дар он ҳадафҳои олии кишвар баҳри пешрафти Тоҷикистони азизи мо густариш ёфта амалӣ гаштанд. Ҳамаи мо шоҳиди он ҳастем, ки дар ҳафт соли гузашта тадбиқи ин барнома ба тамоми соҳаҳои мамлакат пешрафти босубот, инчунин, сатҳи зиндагии мардум беҳтару хубтар гардид.
Пешрафти иқтисодёти мамлакат яке аз ҳадафҳои олии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои солҳои 2013 -2020 буд. Иқтисодиёти мамлакат дар доираи тадбиқи ҳуҷҷатҳои қабулгардидаи афзалиятнок аз ҷумла “Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015”, “Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015”, “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020”, “Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ барои солҳои 2009-2018” ва дигар барномаҳои давлатӣ, ки дар таъмини рушду пешрафти иқтисоди мамлакат нақши бориз доранд, таъмин гардид.
Бо талошҳои созандаи Ҳукумати кишвар мардуми шарифи тоҷик дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаву дурандешонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба орзуи чандинсолаи худ баъди ба кор андохтани ду агрегати Нерӯгоҳи барқии обии “Роғун”, ки ба истеҳсоли неруи барқ шуруъ намуд амалӣ гардид ва ҳамчун рӯйдоди муҳимми таърихӣ эътироф гардидааст.
Дар ҳар як Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солеро ба бахше ё соҳае барои рушди босубот мебахшад ва дар баробари ин дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аҳли ҷомеа мушкилотҳои иҷтимоиву иқтисодӣ мавҷударо, инчунин дастоварду пешравиҳои мамлакатро таҳлил ва баррасӣ менамояд.
Барои ба вазъи иҷтимоиву иқтисодии кишвар беҳбудӣ бахшидан аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳи 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид, ки ба вазъи иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳои кишвар таъсири мусбӣ ворид намуд. Аз ҷумла таъмини шуғл, баланд бардоштани фаъолнокии вазъи иқтисодии аҳолӣ, мавриди истифода қарор гирифтани иншоотҳои иҷтимоиву истеҳсолӣ ва сайёҳӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ва ғайраҳоро мисол оварда метавонем.
Аз рӯзҳои аввали ба сари ҳокимият омадани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонон дар меҳвари махсуси таваҷҷуҳ қарор гирифта, ҳамаҷониба дастгирӣ гардида, ҳамчун самти муҳимтарини сиёсати давлат қарор гирифтанд. Дар ин самт аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле корҳои назаррас амалӣ гардидаанд Яъне, дар ҳафт соли гузашта тамоми тадбирҳо ҷиҳати имконият фароҳам овардан ба ҷавонон барои ташаккулёбии онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ амалӣ гаштаанд. Дар ин раванд ду барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон тадбиқ гардида, дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои миллии кор бо ҷавонон таъсис ёфт. Бо эълон гардидани соли 2017 ҳамчун “Соли ҷавонон” марказҳои ҷавонон дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ бунёд карда шуданд, ки нақши назарраси худро ҷиҳати ташаккул ёфтани тафаккури фарҳангии ҷавонон расонид.
Агар соҳаи илму маориф, иқтисодиёт, тандурустӣ, фарҳанг, маънавиёт, варзиш, мудофиа ва қонунгузорӣ, сиёсати хориҷӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ таҳлил намоем дар ҳафт соли гузашта тамоми ҳадафҳои гузошташуда тадбиқ гардида ба вазъи соҳоҳои дарҷгардида тағйиротҳои куллӣ ба миён омад.
Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои солҳои 2021 - 2027 таҳия шуда, зери шиори “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!” мебошад. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки тадбирҳое, ки дар муддати ҳафт соли ояндаи Ватани азизамон таҳия шудаанд, метавонад вазъи иҷтимоиву иқтисодии мамлакатро куллан тағйир дода, мардумро ба зиндагии боз ҳам шоиста таъмин мегардонад. Дар охир аз тамоми мардуми кишвар даъват ба амал меорам, ки дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, ба номзади арзандаи худ овоз диҳанд.
Дилноза Шоева, мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва таҳлили Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб