ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон тарғиботчиёни назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара бо сокинони деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти Сангтӯда вохӯрӣ доир карданд.
Масъулин дар мулоқот бо сокинон иброз доштанд, ки иштироки ҳар нафари ба синни 18 расида дар интихобот муҳим аст ва ҳамчун қарзи шаҳрвандӣ арзёбӣ мегардад.
Дар охир аз ҷониби иштирокчиён баён гардид, ки номзадии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд.