БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Идомаи вохӯриҳо ҷиҳати таҳкими мавқеи ҳизб дар ҷомеа

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Тоҷиксуғурта” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вобаста ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мулоқот анҷом дода шуд.

Дар мулоқот мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Тоҷиксуғурта” Давлатов Абдуғаффор иштирок ва баёни андеша намуданд.

Зимни суҳбат Фирӯзи Саидмӯъмин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ибрози ақида намуда, гуфт, ки мо ҳизбиён бояд ба корҳои амалӣ ва иқдомҳои созандаи худ барои ноил гардидан ба ҳадафҳои Оинномавӣ ва Барномавии ҳизб саҳмгузор бошем.

Дар идомаи мулоқот Давлатов Абдуғаффор қайд дошт, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбии мо дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо нерӯи зеҳнии худ дар сафи пеши ҷомеа қарор дошта, ба мафкураи мардум таъсир мерасонанд ва онҳоро ба корҳои созанда ҷалб менамоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg