БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАМОИШИ НАМОЯНДАГИИ ТҶҶ “СОЗАНДАГОНИ ВАТАН ” ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА БАРГУЗОР ГАРДИД

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз дар Донишгоҳи Давлатии Данғара ҳамоиши намояндагии ТҶҶ  “Созандагони Ватан” баргузор гардид.

Дар ин чорабинии бошукӯҳ мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Бобоев Беҳрӯз, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримзода Пирмуҳаммад Авғон, мудирони шуъбаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара, роҳбари намояндагии  ТҶҶ “ Созандагони Ватан” - и ноҳия Тоирзода Суҳроб Тоир, собиқадори  ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Азизов Асомиддин, муовини ректори Донишгоҳи давлатии  Данғара оид ба корҳои тарбиявӣ Т. Назарзода иштирок доштанд.

Дар ин ҳамоиш зиёда аз 300 нафар донишҷӯёну устодони Донишгоҳи мазкур  ширкат варзида, масъулин ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани маъракаи муҳими сиёсӣ- интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои 7 - соли аз интихобот то интихобот, Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва як қатор дастовардҳои соҳаҳои муҳим, маорифу кишоварзӣ, фарҳангу тандурустӣ, энергетика ва  дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим бо назардошти масъалагузориҳои Пешвои муаззами миллат суханронӣ намуданд. Дар охир аз ҷониби донишҷӯён ва аъзои намояндагии ТҶҶ  “Созандагони Ватан”   баён гардид, ки номзадии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем.

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg