БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБИ МО - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

БА ИН МАРДИ ХУДО, ЭЙ ҲАМВАТАН ШУКРОНА БОЯД КАРД

АНДЕША. Эмомалӣ Раҳмон хирадмантарин сарвар, дурандештарин Президент, халқчӣ ва маорифпарвари бузурги халқи тоҷик.

Ҳеҷ ҷойи пӯшида нест, ки як замоне хавфи аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли мо тоҷикон ба миён омада буд. Қудрат ва тавоноӣ дар давлатдорӣ аз байн рафта буд. Аз дасти вазоратҳои қурдратӣ ҳам чизе намеомад. Дар кишвар ба касе боварӣ ва эътимод намонда буд. Эмомалӣ Раҳмон дар чунин шароити номусоиди ҳаёти миллату давлат ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб мешавад. Сардори давлате интихоб шуданд, ки дар хазинаи давлат чизе намонда буд. Хирадпешагӣ ва ақли расо он касро дар сарварӣ раҳнамо буданд. Он кас дар ин вазифаи пурмасъулият ва дар чунин шароити бади миллат бо пою қадами нек омаданд. Заҳматҳое, ки Ҷаноби Олӣ дар тӯли он солҳо баҳри миллату давлати хеш кашиданд, ҳатто бегонаҳо огаҳанд ва ба фаъолияти давлатдории ӯ баҳои баланд додаанд. Раиси созмони тоҷикони ҷаҳон Саид Ҷамол аз кишвари Англия навиштааст:

«Шумо тоҷикон дар зиндагии рӯзмарраи худ таҳти роҳбарии Раиси Ҷумҳур муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як натиҷае расидед, ки дар дунё имрӯз беназир аст. Мамлакате, ки ҷанг фаро гирифта будаш, бародаркушӣ ривоҷ дошт, ба як машъали сулҳ, пирӯзӣ ва осоиш табдил шудааст. Дар ҳеҷ ҷои дунё ва ҳеҷ касе то кунун натавонистааст чунин коре бикунад. Шумо тоҷикон миллати худро хурд напиндоред ва Раиси ҷумҳури худро шахсияти ҷаҳонӣ бидонед, чаро ки таҳти роҳбарии ишон ин матлаб дуруст шудааст».

Воқеан ҳам хизматҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро феҳрист карда ба нақша гирем, садҳо дафтарҳо пур хоҳанд шуд. Аз бумбасти коммуникатсия, аз норасоии барқи тоза ва экологӣ миллату давлатро наҷот бахшиданд. Сохтмонҳои ҳаётан муҳими асрро дар кишвар анҷом доданд. Имрӯз саноатикунонӣ дар тамоми кишвар идома дорад. Қалби пок, ҳадафҳои созанда, нерӯи тавонои сарварӣ ва ҷонфидоӣ дар роҳи рушди кишвар ҳама вақт зафар меёфт.Аз ин лиҳоз бо боварӣ мегӯям, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байни давлатҳои дигар эътимодноктарин давлат маҳсуб меёбад. Дигар ин ки Президенти азизи мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли бистуҳашт соли сарварӣ ба кишвари Тоҷикистон таҷрибаи бой ҳосил кардаанд.

Таи чанд соли охир муқовимати тамаддунҳо, сиёсатбозиҳои ҷаҳонгирон, кашокаши дину мазҳабҳо ба миён омадааст, бояд сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси Президенти мамлакат аз даст надиҳем, танҳо ӯ дар чунин сангарҳо истодагарӣ карда, миллату давлатро ҳифз карда метавонад.

Аз ин лиҳоз камина як нафар аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, собиқадори соҳаи маориф изҳор медорам, ки пешбарии номзадии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саривақтӣ ва барои миллату давлати тоҷикон муҳим ва бисёр лозим аст. Итминони комил дорам, ки истеъдоди фитрӣ, ноил шудан ба боварию эътимоди миллат, ҳамзамон дар сиёсати дунёӣ муваффақ будан, инҳо ки гуфтам сифатҳои ниҳоят баланд дар кори сарварӣ маҳсуб меёбанд. Барои ҳамин бо боварӣ мегӯям, ки халқи Тоҷикистон дар рӯзи 11октябр бо як эътимоду боварии комил ҳама ба ҷонибдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шудааст, якдилона овоз хоҳанд дод.

А. Маҷидзода, собиқадори соҳаи маориф, узви ҲХДТ ноҳияи Фархор

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg