БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН КАФИЛИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ

ВОКУНИШ. Ташкилоти экстремистии ҲНИ, ки номашро  Паймони миллии Тоҷикистон номгузорӣ кардааст, мақсади дар Тоҷикистон ноором кардани ҳаёти осоиштаи кишварро дорад.

Роҳбари Паймони миллӣ Муҳиддин Кабирӣ дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон баромад карда, вазъи сиёсии Тоҷикистонро бад арзёбӣ кардааст. Мутаасифона ҳоло ҳам террористон ва гурӯҳҳои нафратангези онҳо миёни ҷомеа ба хотири манфиатҳои нопокашон тафриқаандозӣ мекунанд. Ташкилоти экстремистии ҲНИ, ки аъзои Паймони миллӣ ҳамаашон аз ҳизби наҳзат ҳастанд мақсади мазҳабу равияи бегонаро дар Тоҷикистон паҳн кардан доранд ва ба ин мақсад ду маротиб нияти ғасби Ҳукуматро доштанд. Онҳо ҳоло ҳам бо сардории  роҳбари фирориашон Муҳиддин Кабирӣ аз фурсати барои худ муносиб истифода бурда, санги маломату бадбинӣ  ба сари давлату миллати Тоҷикистон мезанад.

Наҳзатиҳо аз соли 1997 то 2015 дар Тоҷикистон имкони озод фаъолият карданро доштанд. Онҳо ба ҷои сохтани муносибати дӯстона бо давлату Ҳукумат ба ҷомеа ҳар қадаре тавонистанд тухми нафрату бадбиниро коштанд. Ҳоло бошад, роҳбарашон дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон аз вазъи сиёсии Тоҷикистон ҳарф мезанад. Шукри Худо, ки вазъи сиёсии Тоҷикистон хуб аст. Мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии ҷиддӣ  дида истодаанд. Дар ин рӯзҳои тирамоҳӣ  мардум ба ғунучини ҳосил машғуланд ва аъзои Паймони миллӣ  ва роҳбарашон Муҳиддин Кабирӣ ба ёди ягон кас намезанад.

11 октябри соли равон интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад ва тамоми мардуми Тоҷикистон бо амри дил ва нияти пок ба тарафдории номзади арзандаи худ овоз хоҳанд дод. Мо интихоботҳои солҳои 1994, 1999- ро нағз дар хотир дорем. Он солҳо зиндагӣ нисбати солҳои 2013 ё 2020 мушкилтар буд. Халқ дар интихобот фаъолона иштирок карда, ба тарафдории Эмомалӣ Раҳмон овоз доданд.

Дар заминаи татбиқи саривақтӣ ва босифати ҳуҷҷатҳои стратегӣ сатҳи камбизоатӣ аз 85 %  аз соли 1999 то 26, 3 % дар соли 2020  паст гардидааст. Сохтори истеъмолии аҳолӣ  тағйир ёфт ва дар он ҳиссаи хароҷоти ғайриозуқаворӣ бомаротиб зиёд гардид.

Бо талошҳои созандаи Ҳукумату Роҳбари давлат ва мардуми шарифи кишвар ду агрегати НБО Роғун ба кор сар кард. Ҳазор бор шукр, ки маҳдудияти барқ дар фасли замистон бартараф гардид.

Вусъат гирифтани раванди созандагӣ нишонаи возеҳи боло рафтани ҳисси ватандӯстии аҳолии Тоҷикистонро нишон медиҳад. Зеро дар ин раванд шаҳрвандони кишвар сиёсати Роҳбари давлатро ҳамаҷониба дастгирӣ карда истодаанд. Мардуми заҳматқарини кишвар барои беҳтар гардидани вазъи инфрасохтори деҳот ёрии амалӣ  расонида, дар бунёди иншооти иҷтимоӣ – муассисаҳои маориф, фарҳанг ва таъмиру тармими роҳҳо, пулҳо ва дигар ободгариҳо ҳиссаи сазовор гузошта истодаанд.

Дар Барномаи пешазинтиихоботии Пешвои миллат омадааст, ки “ Бовар дорам, ки  дар 7 соли оянда мо ҳама якҷоя корҳои боз ҳам муҳимро ба анҷом мерасонем ва Ватани азизамонро ободу пешрафта мегардонем ”.

Дар 7 соли оянда мақсад гузошта шудааст, ки рушди устувори миллӣ таъмин карда шавад дар доираи тадбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръат бо ҷалби бахши хусусӣ корхонаҳои нави истеҳсолӣ нав бунёд карда шавад ва барои зиндагии шоиста имконияти бештар фароҳам оварда шавад.

Мо боварии комил дорем, ки халқи шарифи тоҷик дар интихоботи Президентӣ- 11 октябр фаъолона иштирок карда, ба тарафдории номзади арзандаи мардуми Тоҷикистон, Пешвои маҳбуби халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овоз хоҳанд дод. 

Сайдалӣ  Гадоӣ,  мудири шуъбаи таблиғот, иттилооти Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар ноҳияи Ҳамадонӣ                                                 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg