БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФИЛМИ “ХИЁНАТ” ХИЁНАТИ НАҲЗАТИҲОРО БОЗГӮ НАМУД

ВОКУНИШ. Филми “Хиёнат” бозгӯи ҳодисаҳои мудҳиши солҳои навадуми асри гузашта ва амалҳои террористии саркардагони ташкилоти террористӣ - экстремистии Ҳизби наҳзати ислом буда,  саҳифаҳои норушани  ҷанги шаҳрвандӣ, сабаб ва  омилҳои ба вуҷуд омадани онро ба таври возеҳ  шарҳ медиҳад.

Тамошои филм нафрати ҳар як шахсеро, ки ба қадри Ватан ва миллати хеш мерасад, хизматҳои  шоистаи  дар роҳи сулҳофарӣ,   давлатсозӣ  намудаи Пешвои миллатро  қадр менамояд, ба Кабирӣ ва думравонаш, ки баъди овардани мусибатҳои гушношунид шарм надошта,  худро мӯсичаи бегуноҳ нишон дода, аз хориҷи кишвар нибати  давлат ва  роҳбарони давлат ҳар гуна суханони бепоя, ғаразноку туҳматангезро паҳн менамоянд, нафрат мехонад. Ин амали онҳо мақоли халқии “дуздию пешхезӣ” -ро мемонад. Худ гунаҳгори ҳама ҳодисаҳои мудҳиши гушношуниди солҳои навадум ҳастанд, боз дигаронро  гунаҳкор кардан мехоҳанд.

Филми “Хиёнат” дурӯғбофиҳои бо ном ҳомиёни миллат - наҳзатиҳоро    барбод зада,  симои аслии онҳоро ба ҷавононе,  ки ҳодисаҳои солҳои навадуми асри гузаштаро аз сар нагузаронидаанд, нишон дод. Онҳо фаҳмиданд ва бо чашмони худ диданд, ки Ҳизби наҳзати ислом  ташкилоти террористӣ - экстремистӣ буда, роҳбарони он ба мисли Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи    Садриддин ва дигар хоинон ва нафринкардагони халқ  ба ғайр аз ғами худ, манфиати худ, дар ивази маблағҳои хоҷагони хориҷиашон  иҷрои дастурҳои онҳо ҳамаро пушти по задаанд.  Барои онҳо калимаҳои Ватан, миллат як воситаи пардапӯшкунандаи амалҳои зишти содиркардаашон аст. Дар асл барои онҳо  на Ватан қадр дораду на миллат. Барои шахсе, ки ин калимаҳои муқаддас қадру қиммат дорад, онҳоро дар арсаи ҷаҳон бадном намекунад. Бардурӯғ дод намезанад, ки дар Ватанаш озодӣ, демократия дида намешавад, одамон зери зулм қарор доранд.

Умри дурӯғ кӯтоҳ аст мегӯянд. Рӯзе мерасад, ки шумо наҳзатиҳои иғвоангез, ки мехоҳед дар Тоҷикистон боз ҳамон нооромиҳои солҳои навадумро ба сари мардум биоред, ба ҳама гуноҳои кардаатон ҷавоб мегӯед. Инро итизор бошед!   

Ҳимматов Абдулло, муҳаққиқ, аъзои гурӯҳи таҳлилии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg