БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА ХОТИРИ ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ТОҶИКИСТОН ОВОЗ МЕДИҲЕМ!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз дар маҳаллаҳои Ҷамоати шаҳраки Балх вохӯрии аъзои гурӯҳи тарғиботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинон доир гардид.

Дар вохӯрии мазкур корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Сулаймонова Лола иштирок дошта, доир ба мақсади вохӯрӣ ибрози андеша кард.

Зимни суҳбат мавсуф оид ба Барномаи пешазинтихоботӣ барои 7 соли ояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карда, қайд намуд, ки Барномаи мазкур дар доираи дигаргуниҳое, ки солҳои охир дар кишвар ва ҷаҳон ба амал омадаанд ва бо дар назардошти дурнамои 7 соли оянда (2021-2027) таҳия шуда, ба ҳалли масъалаҳои муҳимми ҷомеа, аз ҷумла таъмини рушди устувори иқтисодӣ, саноатикунонии босуръат, ҷорӣ кардани иқтисоди рақамӣ, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, рушди неруи инсонӣ ва таҳкими соҳаҳои иҷтимоӣ равона мегардад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg