ЁВОН. Тибқи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо чанде қабл бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар деҳаи Деҳқонободи ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх бо иштироки фаъолони деҳаи мазкур вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ аз ҷониби муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Абдуллоева Саёҳат дар самти Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби арзишҳои миллӣ, аз байн бурдани фарҳанги ғайр, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», даъвати навбатии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз муоинаи тиббӣ гузаронидани навхонадорон, ободию хуррамии маҳал, ҳамкории оила бо мактаб андешаронӣ карда шуд.