БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатро ҷонибдорӣ менамоянд

ВАХШ.  Дар ташкилоти  ибтидоии ҳизбии "Тоҷикобод" оид ба шарҳу тавзеҳи  мулоқоти Пешвои миллат бо фаъолони ҷомеа, ки санаи 12 майи соли равон баргузор гардид, вохӯрии судманд доир карда шуд.

Дар вохӯрӣ  намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Тоҷикобод» Раҳимов Аслиддин иштирок ва суханронӣ намуданд.

Масъулин  зимни суханронӣ атрофи дастуру супоришҳои Президенти кишвар дар мулоқот бо аҳли зиё, нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва хунарҳои мардумӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  ҳарф зада,  ҷамъомадагонро барои аз даст надодани  зиракии сиёсӣ, ҳифзи  марзу буми кишвар таъкид намуданд.

Дар рафти мулоқот Раҳимов Аслиддин дар назди ҷамъомадагон  оид ба пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, муқовимат бо коррупсия, пешгирӣ аз ҷинояту қонунвайронкуниҳо, ҷалби онҳо ба омӯзиши  касбу ҳунарҳои мардумӣ ва саҳм гузоштан дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ки ҷавонон ояндаи давлату миллат ба ҳисоб мераванд, суханронӣ намуда, аз онҳо ҷавобан ба хизматҳои падаронаи  Пешвои миллат содиқона хизмат намудан барои боз ҳам пешрафта гардидани  Ватани азизамон,  даъват ба амал овард. 

Дар охир иштирокдорон ҷонибдории хешро нисбат ба сиёсати ғамхоронаи Роҳбари давлат баён карда, ваъда доданд, ки барои боз ҳам ободу зебо гардидани Тоҷикистони азиз  саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg