БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБИ ДУРУСТ БО МАҚСАДИ ШИНОХТИ БЕШТАРИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи тарғиботии пешазинтихоботии ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ корҳои таблиғотиро бо усули “хона ба хона” ва тариқи мулоқотҳои оммавӣ бо сокинони деҳотиИфтихор идома доданд.

Дар мулоқоту вохӯриҳои мазкур намояндагон бо мардум масъалаҳои марбут ба интихоботро баррасӣ намуда, оид ба ҳуқуқи интихобкунандагон, масъулияти шахсии интихобкунандагон, интихоб намудан барои ояндаи дурахшони кишвар суҳбатҳо гузарониданд.

Инчунин, масъулин  мазмуну муҳтавои Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки барои рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат равона гардидааст, фаҳмонида, дар раванди корҳои таблиғотӣ мардумро рӯзи 11 октябри соли равон ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуда, барои интихоби дурусти онҳо ва ба ҷонибдории номзади арзандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овоз додан, даъват карданд.

Аъзои гурӯҳи тарғиботӣ аз ҳисоби ҳизбиён, собиқадорони ҳизб ва вакилон дар рафти вохӯриҳо атрофи масъалаҳои ватандӯстӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон суҳбатҳо гузаронида, аз ҷавонон  барои ихтиёран қабул шудан ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал оварданд.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg