БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАБЛИҒУ ТАШВИҚИ ГУРӮҲИ ТАРҒИБОТӢ БАҲРИ НЕКӮАҲВОЛӢ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Мудири шуъбаи занон ва кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Назокат Қосимова дар якҷоягӣ бо гурӯҳи тарғиботии ноҳиявии ҳизб бо сокинони деҳаи Чорбоғи Ҷамоати деҳоти Иттифоқ мулоқоту вохӯрӣ доир намуданд.

Дар рафти мулоқоту вохӯриҳо намояндаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб оид ба масъалаҳои интихобот, интихоби дуруст баҳри ояндасозии кишвар, ҳуқуқи шаҳрванд дар раванди интихобот, ҳар як шахс ҳуқуқи як овоз додан суҳбатҳо гузаронида, барои иштироки фаъолона дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 11 октябри соли равон баргузор мегардад, дастуру маслиҳатҳо доданд.

Дар мулоқоти мазкур намояндаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ба ҷавонон муроҷиат намуд, ки дар даъвати тирамоҳии соли 2020 ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гарданд. Ватани маҳбубамонро муҳофизат намоянд, зеро ин амал аз садоқат ба халқу Ватан ва давлати азизамон мебошад.

Аъзои гурӯҳи тарғиботӣ миёни аҳолии деҳот мазмуну муҳтавои Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба саъми сокинон расонида, дастовардҳои кишварро, ки бевосита Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шабонарӯзӣ талош намуда, ба даст овардаанд, баён карданд.    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg