БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАҲРИ ПЕШРАФТИ ВАТАН НОМЗАДИ АРЗАНДАРО ИНТИХОБ МЕНАМОЕМ

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Мулоқоту вохӯриҳои гурӯҳи тарғиботӣ бо мардум ҷиҳати таблиғи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ дар ҳудуди ноҳияи Ҷайҳун бо маром идома доранд.

Баргузории суҳбату вохӯриҳо бо сокинони деҳаи Ҳилолии Ҷамоати деҳоти Қумсангир бо иштироки  аъзои Ситоди пешазинтихоботии ноҳиявӣ атрофи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Зимни чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод ба сухан баромада,  дар бораи  Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳафт соли оянда муфассал суханронӣ намуд.

Дар раванди чорабинӣ  бошад, маводҳои тарғиботии ҳизбӣ ба интихобкунандагон тақсимот карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg