БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАҲРИ ШУКУФОИИ ВАТАН НОМЗАДИ АРЗАНДАРО ИНТИХОБ МЕНАМОЕМ

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.Дар доираи нақшаи кории гурӯҳи тарғиботӣ ҷиҳати расонидани муҳтавои Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо интихобкунандагони деҳаи Балхии Ҷамоати деҳоти Яккадин бо иштироки роҳбари гурӯҳи тарғиботии вилоятию ноҳиявӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимнан дар рафти вохӯрӣ аъзои гурӯҳи тарғиботии ноҳиявӣ вобаста ба Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президентӣ муфассал суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки заҳмату талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат буд, ки Тоҷикистони азиз ҳамчун як давлати соҳибистиқлол рушд намуда, дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун як давлати пешрафта шинохта шудааст. Бинобар ин, ҳар як нафари моро зарур аст, ки дастовардҳои замони истиқлолро, ки бо сарварии хирадмандонаи ин абармарди миллат ба даст омадааст, ҳифз ва гиромӣ бояд дошт. Аз ин лиҳоз санаи 11 октябри соли 2020 дар интихобот бо як масъулияти баланди шаҳрвандӣ ширкат варзида, ба тарафдории номзади арзанда овози худро диҳем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg