БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШАҲРВАНД САРЧАШМАИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТ АСТ!

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи  кории тарғиботии  Комиссияи  марказии  интихобот  ва  райъпурсии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  ҳайати  Қурбонов  Қ мудири   кафедраи  факултети  ҳуқуқшиносии  Донишгоҳи  милли  Тоҷикстон, Чиллазода  Ш иҷрокунандаи  вазифаи сарнатариуси  давлатии  Вазорати  Адлияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар  вилояти  Хатлон,  Раҳимзода  Раъно сардори  Раёсати  кор бо занон ва оилаи  Мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатии  вилояти  Хатлдон, Азимов  Ибодулло сармутахассиси  шуъбаи  Агентии  хизмати  давлатӣ  назди  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  Қурбонов  Усмон сармутахассиси  Раёсати  Кумитаи  рушди  маҳали  назди  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон   тибқи  нақшаи  чорабинии  ҳамкории  мувофиқагардида бо  вазорату  идораҳои  ҷумҳурӣ дар  шаҳру  ноҳияҳо,  бахусус бо  занон ва  ҷавонон вобаста  ба   қонунгузории  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, баланд  бардоштани  руҳияи  худогоҳию  хештаншиносӣ, маърифати  ҳуқуқӣ ва  фаъолона  иштирок  намудан  дар маъраки  интихоботӣ, пешгирии  шомилшавии  ҷавонон  ба  ҳизбу ҳаракатҳои  ифротгаро , террористӣ ва  экстремистӣ, эҳтироми  арзишҳои  миллӣ,  сафарбар  намудани  дружиначиёни  ихтиёрӣ дар  таъмини  тартиботи  ҷамъиятӣ, таъмини  талаботи  Қонунҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар  давраи  интихобот бо  интихобкунандагон  дар  маркази  ноҳия  ва  ҷамоатҳои  деҳот мулоқоту  суҳбатҳо  баргузор  намуданд.  

Дар баромадҳояшон  қайд намуданд, ки шаҳрванд  сарчашмаи  ҳокимияти  давлатӣ  буда,  ҳуқуки  интихоботӣ  дорад.  Аз  комиссияҳои  интихоботӣ даъват  ба  амал  оварданд, ки   барои  шаффофу ошкоро  гузаштани ин маъракаи муҳими сиёсӣ  мусоидат  намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg