ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар асоси нақшаи кории гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар ҷамъомад аъзои Ситоди пешазинтихоботии ҳизбӣ, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Куммитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон С. Шарипов ба интихобкунандагони маҳаллаи А.Соҳибназарови Ҷамоати шаҳраки Обикиик моҳияти Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ, ки тамомми самтҳои афзалиятнокро дарбар мегирад, фаҳмонида, аз интихобкунандагон даъват ба амал овард, ки барои дар сатҳи баланд баргузор гардидани ин маъракаи муҳими сиёсӣ саҳми шаҳрвандии хешро гузоранд ва ба номзади арзандаи хеш барои ояндаи босаодати кишвар раъй диҳанд.