ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.
Аъзои гурӯҳҳои ноҳиявии таблиғотӣ дар асоси нақшаи корӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ҷиҳати ба мардум таблиғу ташвиқ намудани Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар деҳаю маҳалла, кӯчаю толору маҷлисгоҳҳо ба роҳ монданд.
Дар ин рӯз аз тарафи онҳо 4 вохӯрӣ дар толору маҷлисгоҳҳо, 13 суҳбату мулоқот дар кӯча ва саҳро ва 296 мулоқоту суҳбатҳои фардии “хона ба хона” гузаронида шуд, ки дар онҳо занони хонанишин, нафақахӯрон, ҷавонон ва одамони касбу кори гуногун иштирок намуданд.