БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Наҳзатиҳои лаънатӣ қарздору ғуломи бегонагонанд!

ВОКУНИШ. Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ дар таърихи навини халқи тоҷик ҳамчун омили созандаи давлати ҳуқуқбунёд асос гузошт ва дар ин замина ба ҷавонони кишвар имкониятҳои бузургро фароҳам овард, то пайи омӯзиши илму маърифат гарданд. Пайваста Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  мулоқоту вохӯриҳои худ  таъкид менамояд, ки «Ҷавонон бояд дарк намоянд, ки Истиқлолияти воқеӣ ва Ваҳдати миллӣ доштан барои инсон бузургтарин неъмат ва волотарин ормони зиндагист». Воқеан Истиқлолият ва Ваҳдат падидаи бузург аст ва хушбахт миллатест, ки онро ба даст оварда, аз ҳама гуна нокомиву палидӣ пок нигоҳ медорад.

Аммо як зумра нохалафони хоин, ки  аз обу ҳавои Тоҷикистон, нафас гирифтаю гузаштагонашон дар ин хоки пок зиндагӣ намуда, онҳоро ба воя расонидаанд, имрӯз ба пешрафту шукуфоии Тоҷикистон бо чашми ҳасаду бадбинӣ менигаранд ва сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, якдилию якпорчагии халқи тоҷикро дидан намехоҳанд. Тавассути шабакаҳои гуногуни иҷтимоӣ фикру ақидаи муғризонаи худро паҳн месозанд ва мехоҳанд, ки бо ин роҳ ҷавонони кишвари моро раҳгумзада ва фирефтаи дасисаҳои худ созанд.

Дар асл саркардагони  ТЭТ ҲНИТ ба доми фиреб ва найранги хоҷагони аҷнабии худ афтода, худро назди бегонагон қарздору ғулом кардаанд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки ин ҳизби дасисакор моҳи сентябри соли 2015 ба амале даст зад, ки нияташ табадулоти давлатӣ буда, ба ин восита мардуми озоду осудаи моро ба ташвишу изтироб андохтаанд. Вале тири онҳо хок хурд, чунки Тоҷикистон - Тоҷикистони  солҳои навадум нест, ин давлат артиши миллӣ, амният ва дигар сохторҳои қудратии худро дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сарварӣ ва роҳнамоии асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона ҷомеаи шоиста ташкил намуда, сазовори эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст. Ин аст ки созмони бонуфузтарини ҷомеаи ҷаҳонӣ – СММ ташаббус ва иқдомҳои глобалии Тоҷикистонро дастгирӣ менамояд.

Холов Диловар-роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Панҷ.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg