БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАРСИ МАРДОНАГӢ ВА ВАТАНДӮСТӢ МЕОМӮЗЕМ

ХОВАЛИНГ.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.

Шуъбаи ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг ба тарбияи ҳарбӣ -  ватандӯстии ҷавонон  Созандагони Ватан аҳамияти доимӣ дода, барои тарбияи ҷавонон дар ин руҳия корҳои таълимию тарбиявӣ  мебарад. 

Яке аз чунин чорабиниҳо гузаронидани машғулияти ҳарбӣ - ватандӯстӣ дар муассисаҳои таълимӣ мебошад. Тибқи нақшаи корӣ чунин машғулият бо иштироки мудири шуъбаи ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг И. Саидмаҳмудов дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 6 гузаронида шуд. Дар машғулият  И. Саидмаҳмудов баромад намуда, дар асоси  дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  ҷавононро ба худшиносӣ, ватандӯстӣ ва ҳифзи марзу буми он даъват намуд.  Хонандагон аз машғулияти мазкур дарси ватандӯстӣ , шуҷоат ва мардонагӣ омӯхтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg