БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КАБИРӢ, МАРДУМИ ТОҶИК ОН РӮЗҲОИ МУДҲИШИ БА САРИ МИЛЛАТ ОВАРДАИ ШУМО НАҲЗАТИҲОИ ХОИНРО ФАРОМӮШ НАКАРДААНД

ВОКУНИШ. Мусаллам аст,  инсон ҳеҷ гоҳ рӯзҳои мудҳиши ба сараш омадаро, ки  зану  фарзанд, падару модар,  акаю додар, хешу таборро аз даст додааст, бехонумон гаштааст, азоби гуруснагӣ, ташнагӣ, беватанӣ ва азобу уқубатҳои дигари  гӯшношунидро кашидааст,  ҳеҷ гоҳ  фаромӯш карда наметавонад.

Баъди тамошои филми “Хиёнат” он захмҳои шифонаёфтаи замони ҷанги таҳмилии бародаркуш, ки роҳбарони ташкилоти террористӣ – экстремистии Ҳизби наҳзати  ислом ва дигар хоинони миллат  бо дастури хоҷагони хориҷиашон ба сари миллати тоҷик  бор намуда буданд ва хуни бештар 150 ҳазор одамони бегуноҳро рехта, зиёда аз як миллион нафарро ба фирор аз Ватан маҷбур сохтанд, боз ҳам тоза намуд.

Эй, Кабирии ватанфурӯшу миллатфурӯш! Баъди тамошои филм дар як хонадон, ки 7 нафар зану мард дар назди телевизион нишаста будем, шоҳидам ва дидам, ки ҳамаи онҳо нисбати амалҳои ваҳшиёнаи ту ва дигар каллабурҳои тайёркардаат чӣ гуна вокуниш нишон доданд. Тассавур кун,  ки дар ҷумҳурӣ чи қадар тамошобини телевизион ҳаст ва  агар ба ҳисоби миёна 70 - 80 фоизи онҳо филмро тамошо карда бошанд,  ба ҳамин миқдор ба нишонии туву ҳамроҳонат, ки баъди содир намудани ҷиноят ва хиёнат аз карда пушаймон нестед ва ҳоло ҳам аз ниятҳои нопокатон барнагаштаед ва  ҳамарӯза нисбати давлат, миллату Роҳбари давлат ғаразгӯӣ мекунед, чи қадар нафрин, чи қадар дуои бад ва суханони аз одоб берун баён менамоянд.

Одаме, ки агар аз кӯчаи одамгарӣ гузашта бошад, дар ин ҳолат ба мурдани худ розӣ мешавад. Бо сад боварӣ гуфта метавонам, ки ту Кабирӣ аз кӯчаи одамгарӣ  нагузаштаӣ. Кадом одами аз кӯчаи одамгарӣ гузашта давлати худ, миллати худро дар арсаи байналмилалӣ бо ғаразгӯӣ  бадном мекунад? Ба ҷойи одамгарӣ дар вуҷуди ту нафси бад, бухлу кина, ҷабру зулм, дурӯғу буҳтон, пастсифатӣ ва ба ҳамин  монанд  амалҳои шайтонӣ ҷой гирифтааст, ки туро мисли моргазида ором истодан намемонанд. Шояд ҳамин одатҳо  боис шаванд, ки аз ноумедӣ худро рӯзе  дор кашед. Агар ҳамин корро ҳар чи зутар мекардед, бисёр кори савоб менамудед, зеро  мо мардуми кишвар  ҷонамон аз дурӯғу буҳтоне, ки нисбати зисту зиндагии    мо мелақед, халос мешуд.

Мо хуб медонем, ки  давлату миллати тоҷик ба монанди ту душманони  зиёд дорад, ки пешрафту тараққиёт ва тинҷию осудагии Тоҷикистон ва мардуми онро  намехоҳанд. Фаромӯш накун, мо дубора асои худро гум намекунем,  ба доми фиреби ту ва хоҷагонат намеафтем.

Бисёр мехоҳед ва барои ин ҳам кӯшиш намуда истодаед, ки ба интихоботи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон халал ворид намоед. Зӯри  беҳуда мезанед. Ба таври ошкоро  мегӯем,  ки  мардуми  шарифи Тоҷикистон алакай интихоби худро  кардааст.  

Номзади арзандаи мо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Мо рӯзи интихобот якдилона ба тарафдорияш овоз медиҳем  ва аз сиёсати инсондӯстона, ватандӯстона, сулҳҷӯёна  ва созандаю бунёдкорнаи номзади интихобнамудаамон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми дунё ифтихор менамоем.                                                                                                                                                                                                 Халилзода С.Х., Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg