
ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Волонтёрони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Ниёзмандонро сарпаноҳ мешаваем! ” дар хонаи истиқоматии собиқадори меҳнат, шахси ниёзманди ҷомеа Шарипова Арафамо сокини деҳаи Иттифоқи Ҷамоати деҳоти Фархор як қатор корҳои ободониро анҷом доданд.
Дар ин рӯз волонтёрон замини наздиҳавлигиро нарм карда, дар тозаю озода намудани гирду атрофи хонаи истиқоматӣ ва дигар корҳои зарурӣ саҳм гузоштанд. Чунин иқдом минбаъд низ идома ёфта, ба шахсони яккаву танҳо, пирони рӯзгордида, бепарасторон ва маъюбон кумак расонида мешавад.